VIP авиатсияи Дания, ба мисли тамоми ҷаҳон, мизоҷони зиёдро дар байни шахсони сарватманди бомуваффақият пайдо менамояд. Ҳавопаймоҳои маъмуриро аксаран соҳибкорони калон барои парвозҳои кормандонашон ё саёҳатҳои хеш фармоиш медиҳанд.
Барои он касоне, ки ҷиҳати сарфаи вақт, гирифтани ҳузуру ҳаловати ниҳоӣ аз парвоз, пурқувват ҳозир шудан ба нуқтаи таъингардида, ноил гаштан ба ғолибияти нав сайъю кӯшиш мекунанд, ҳавопаймои хусусӣ – интихоби беҳтарин аст. Дания барои бо таври фосилавӣ брон кардани рейс, бо истифодаи хизматрасониҳои маркази байналмилалии бизнес-авиатсияи AVIAV TM (Cofrance SARL) имконият медиҳад.
Бизнес-ҷетро чӣ гуна фармоиш бояд дод
Агар шумо ба фармоиши бизнес-ҷет аз Дания рағбат дошта бошед, гузоштани дархост дар портали мазкур кифоя аст. Зеринро нишон диҳед:
- фурудгоҳҳои парвозу фурудоӣ,
- шумораи шахсон, минҷумла кӯдакон,
- алоҳида дар бораи ҳайвоноти хонагӣ маълумот диҳед,
- вазни тахминии бағоҷ,
- санаҳои рейсҳо ба ҳарду тараф ё ба як тараф,
- тамосҳо,
- хоҳишҳои шахсӣ нисбати ташкилии парвоз,
- навъи ҳавопаймо, агар шумо тарҷеҳ дошта бошед.
Мутахассиси AVIAV TM (Cofrance SARL) пас аз муҳокима намудани тафсилотҳо, нархи аниқи рейсро маълум менамояд. Нархи тахминиро бо истифодаи калкулятор дар сомона фаҳмидан мумкин.
Вип-авиатсияи Дания омода аст, ки бизнес-ҷетро аз ҳар фурудгоҳи кишвар пешниҳод кунад, аммо рейсро ба дигар давлат фақат аз бандари киштии дорои статуси байналмилалӣ иҷро кардан мумкин. Дар зимни ин территорияи парвозҳо маҳдуд нашудаст. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳавопайморо дар хатсайри нодиру ғайриоддӣ пешкаш мекунад ва дар вуҷуди зарурият барои интиқоли мусофирону борҳо чархболҳоро ҷалб менамояд.
Афзалиятҳои авиатсияи шахсӣ
Кадом афзалиятҳоро авиатсияи хусусии Дания тақдим мекунад? Инҳо таъҷилнокии ниҳоӣ ва сатҳи олитарии бароҳатӣ мебошанд.
- Парвозҳои бевосита дар хатсайри зарурӣ анҷом дода мешаванд.
- Ҳавопаймо дар вақти қулай, новобаста аз ҷадвали ширкатҳои ҳавопаймоии расмӣ ҳаракат мекунад.
- Расмиятҳо дар фурудгоҳ ва проседураҳои гумрукӣ дақиқаҳои башуморро талаб мекунанд.
- Мусофирон бо аҳли улфат бидуни бегонагон парвоз мекунанд.
- Кейтеринг: ширкат дар парвоз хӯрокро аз тарабхона пешкаш мекунад.
- AVIAV TM (Cofrance SARL) чорабиниҳои корӣ ё идонаро бо хоҳиши мизоҷ ташкил мекунад.
- Ҳамроҳии мутахассиси лозимӣ: духтур, роҳбалад, ёрдамчии шахсиро фармоиш додан мумкин.
Сервиси ҳамроҳӣ
AVIAV TM (Cofrance SARL) ва авиатсияи тиҷоратии Дания хизматрасониҳои ҳамроҳиро пешниҳод мекунанд, ки барои аксарият VIP -сайёҳон аҳамият доранд:
- тартиб додани ҳуҷҷатҳо,
- дастгирии раводидӣ, декларатсияҳои гумрукӣ,
- суғуртаи авиа-парвозҳо, бағоҷ ва саломатӣ,
- дастрасӣ ба толори интизории VIP,
- бронкунии утоқҳо дар отелҳо,
- саёҳатҳои чархболӣ ва сайругашти яхтавӣ дар нуқтаи омад,
- консерж сервис,
- трансфер дар шаҳрҳои парвозу фурудоӣ, хусусан тавассути лимузин ё чархбол,
- интихоби оптималӣ аз рӯи нарх ва бароҳатии навъи ҳавопаймо,
- иҷроиши хоҳишҳои шахсии сайёҳон.
Ба туфайли технологияҳои муосири IT, фармоиши ҳавопаймо дар Дания мудатти як чанд дақиқа имконпазир мебошад. Шарти электронӣ мисли қоғазин қувваи ҳуқуқиро дорад ва пардохт тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад. Мизоҷ ҳамту хатсайру вақтро таъин мекунад ва дар соати муқаррарнамуда ӯро дар фурудгоҳ бизнес-ҷети бароҳат интизор мешавад.
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) рейсро «аз ибтидо то интиҳо» ташкил мекунад ва вазифаҳои ҳамроҳиро низ ҳалу фасл мегардонад.
Як чанд далелҳо дар бораи AVIAV TM (Cofrance SARL)
-
- Маркази байналмилалии AVIAV TM (Cofrance SARL) аз соли 2007 амал мекунад.
- Самти асосии фаъолият – бизнес авиатсияи Дания, Фаронса, Бритонияи Кабир, дигар мамлакатҳои Аврупо ва ҷаҳон.
- Ба ғайр аз парвозҳои хусусӣ, AVIAV TM (Cofrance SARL) парвозҳои боркаш ва тиббиро пешниҳод мекунад.
- Ба ғайр аз ин, ширкат бо хариду-фурӯши киштиҳои ҳавоӣ, тюнинг, «аз сифр» сохтан ва менеҷменти тиҷоратии онҳо машғул мешавад.
- Маркази авиатсионӣ намояндагии расмиро дар 34 кишварҳои ҷаҳон дорад, бо 765 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои пешсафи сайёра ҳамкорӣ мекунад.
- AVIAV TM (Cofrance SARL)
— шарики пешсафи бехатарии авиатсионии Wyvern Ltd мебошад,
— аз санҷишҳои бисёрсатҳӣ дар ARGUS International мегузарад,
— бо шабакаи бонуфузи чартерии Avinode ҳамкорӣ мекунад,
— аъзои European Business Aviation Association ва NBAA, – бизнес-ассотсиатсияҳои байналмилалии парвозӣ мемонад.
Агар шумо ба иҷораи ҳавопаймо майлу рағбат дошта бошед, Дания барои ин имконияти васеътаринро пешкаш менамояд. Фармоиш додани бизнес ҷетро ҳар шахси болиғ ҳуқуқ дорад, дар зимни ин вуҷуди ваколатҳои махсус барои ӯ лозим нест. Ҳамту дархостро дар сомона гузоред ё ба хадамоти шабонарӯзии дастгирии мизоҷони AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед.